Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи 25 маҳбуси фирорӣ ҳанӯз натиҷае надодааст


Рӯзи севвум аст, ки дар Тоҷикистон ҷустуҷӯи 25 маҳбуси аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллӣ фироркарда идома дорад. Ин маҳбусин, ки ағлаб дар иртикоби парвандаи нооромиҳои тобистони соли гузашта дар Тавилдара ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд, шаби 23 август 5 зиндонбонро ба ҳалокат расонда, фирор карданд. Дар байни онҳо 5 шаҳрванди Русия, 2 шаҳрванди Узбакистон ва 4 афғон низ будаанд.14 фирории боқӣ атбоъи Тоҷикистон буда, аз ҷумла фирори Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, ду амакбачаи Мирзо Зиёев ва ду бародари Неъмат Азизов таъйид шудааст.
Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки назорат дар куллия масирҳои эҳтимолии фирори ин маҳбусин тақвият дода шудааст. Ба манзури таъқиби маҳбусони фирорӣ мақомот ба водии Рашт нирӯи изофӣ, бо шумули зиреҳпӯшҳо эъзом карда, бино ба гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, эҳтимоли аз Интерпол кӯмак хостани Душанбе дар роҳи боздошти онҳо низ матраҳ аст.
XS
SM
MD
LG