Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои байнулмилалӣ намоишро пароканда карданд


Нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон имрӯз маҷбур шуданд, ки ба хотири пароканда кардани издиҳоми эътирозгарон ба ҳаво тир парронанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, садҳо нафар дар канори пойгоҳи низомии Баграм, воқеъ дар вилояти Парвон, алайҳи боздошти як устоди мактаби маҳаллӣ намоиши эътирозӣ доир карданд. Низомиёни НАТО ин устоди мактабро дар мушакборони низомиён дар ду ҳафтаи пеш айбдор мехонанд.
Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии Эътилофи байнулмилалӣ, ба нафаре аз ширкатдорони намоиши эътирозӣ осеб нарасидааст. Ва аммо мақомоти маҳаллӣ аз ҳалокати як эътирозгар хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG