Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек таҳияи сафари Ҳаҷҷро бар дӯши худ гирифт


Давлати Қирғизистон масъулияти ташкили сафари Ҳаҷҷро бар дӯши худ мегирад. Раиси куммиссиюни дин Болотбек Абдураҳмонов гуфт, ҳадаф ҷилавгирӣ аз фасод дар ҷараёни ташкили сафари Маккаву Мадина ва кӯтоҳ кардани дасти гурӯҳҳои ҷиноиест, ки бо истифода аз тағйироти ахир дар раҳбарии муфтиёти Қирғизистон мехоҳанд аз ин маърака фоида ба даст биоранд. Муфтии Қирғизистон Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов гуфт, ки муфтиёт қисман дар таҳияи сафари Ҳаҷҷ ширкат хоҳад кард. Тайи чанд моҳи охир ӯ нафари чорум аст, ки ба курсии муфтии ин кишвар менишинад.
Маросими Ҳаҷҷ моҳи ноябр дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Қурбон доир хоҳад шуд ва имсол, интизор меравад, ҳудуди 4500 нафар, ки 45 дарсадаш занҳоянд, аз Қирғизистон ба сафари Маккаву Мадина бароянд.
XS
SM
MD
LG