Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Манила амалиёти наҷоти гаравгонҳо поён ёфт


Дар шаҳри Манила, пойтахти Филиппин, амалиёти наҷоти гаравгонҳо поён ёфт. Имрӯз як корманди собиқи полис мусофирони автобусро, ки асосан сайёҳон аз кишвари Ҳонконг буданд, гаравгон гирифт. Музокирот бо ӯ ва амалиёти озодкунии гаравгонҳо тақрибан 12 соат идома кард. Тайи ин муддат автобус аз сӯи кормандони мақомоти амниятӣ иҳота шуда буд ва мақомоти полис бо ҳамкори пешинашон дар мавриди аз банд раҳо кардани сайёҳони хориҷӣ гуфтушунид мекарданд. Бар асари музокирот қаблан 9 нафар раҳо карда шуда буданд.
Кормандони полис барои ҳамла ба хотири раҳоии гаравгонҳо баъд аз он тасмим гирифтанд, ки аз автобус садои тир ба гӯш расид. Чанд лаҳза пеш шабакаҳои телевизионӣ аз ҷойи ҳодиса навори аз автобус берун шудани гаравгонҳоро намоиш доданд. Ва аммо дар бораи сарнавишти худи гаравгонгир алҳол иттилоъе нест.
Ба иттилоъи расмӣ, корманди полис чанде пеш барои қонуншиканиҳо аз мақом барканор шуда буд.
XS
SM
MD
LG