Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ идома дорад


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар робита ба фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нишасти фаврии мақомоти қудратии кишварро доир кард. Ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари давлат баъд аз ҳисоботи раҳбарони идораҳои амниятиву низомӣ амр кард, ки маҳбусон ҳарчӣ зудтар ошкор ва боздошт шаванд. Бо фармони раисиҷумҳур ситоди фаврӣ таъсис шуд, ки ба он вазири умури дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров раҳбарӣ мекунад.
Ба иттилоъи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, фирори маҳбусон аз боздоштгоҳ шаби гузашта “дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва ба вазифаҳои хеш хунукназарона муносибат кардани нозирон” сурат гирифт. Дар иттилоъи расмии кумита гуфта шудааст, ки маҳбусон силоҳи нозиронро гирифта, яке аз онҳоро ҳадафи тир қарор доданд ва сипас “либосҳои худро бо либосҳои ҳарбии саҳроӣ иваз намуда, аз маҳбасхона фирор намуданд”. Онҳо ҳамон шаб ба дидбонгоҳҳои боздоштгоҳи вазорати адлия ҳамла карда, 4 нозирро куштанд ва савори мошинҳо Душанберо тарк намуданд.
Ба иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, миёни маҳбусони фироркарда Абдурасул Мирзоев - бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон, писарони генерал Мирзо Зиёев ва бародарони фармондеҳи пешини мухолифин Неъмат Азизов низ ҳастанд. Айни ҳол ҷустуҷӯи фирориён идома дорад. Дар ҳама ҷодаҳои пойтахт ва роҳҳое, ки ба манотиқи Тоҷикистон мебаранд, постгоҳҳои иловагӣ таъсис шуда, ҳама васоили нақлиёт тафтиш мешавад.
XS
SM
MD
LG