Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигари афсонавии футболи Югославия даргузашт


Стефан Бобек-футболбози афсонавии Югославия дар сини 86 солагӣ дар Белград даргузашт. Ин бозигари хорваттабор дар солҳои 1945-1958 дар дастаи "Партизан"-и Белград бозӣ мекард. Вай дар 403 бозӣ 468 гол задааст. Дастаи вай ду бор медали нуқраи бозиҳои олимпиро ба даст овардааст. Якеаш дар соли 1948 дар бозиҳои Ҳелсинкӣ ва дигарӣ дар соли 1954 дар бозиҳои Лондон. Баъд аз хатми бозии футбол вай дар Полша, Тунис, Македония ва Юнон мураббии футбол буд. Ҳатто дар дастаҳои рақиби худ Панатинаикос ва Олимпиакос низ муррабӣ буд ва бозигарони онҳоро машқ медод. Баъд аз фурӯпошии Югославия Бобек дар Белград-пойтахти Сербистон ба сар мебурд.
XS
SM
MD
LG