Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Русия дар бораи ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон


Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, баъд аз омӯзишу мутолеаи ҳукми додгоҳи Олии Тоҷикистон бар зидди 5 шаҳрванди Русия ба ин парванда вокуниши худро эълон хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия иттилоъ додааст. Юрий Попов-сафири Русия дар Тоҷикистон ба хабаргузории мазкур гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба консулгарии Русия билофосила баъд аз боздошти чанд нафар аз шаҳрвандони Русия дар тобистони соли гузашта хабар дода буд. 20-ӯми августи соли ҷорӣ мурофиаи додгоҳии як гурӯҳи бузурги мусаллаҳи зиддидавлатӣ ба поён расид. Ин гурӯҳ барои талоши сарнагунии ҳукумати қонунӣ муттаҳам дониста шуд. Дар миёни аъзои ин гурӯҳ 5 нафар шаҳрвандони Русия аз Қафқози шимолӣ низ буданд. Хабаргузорӣ менависад, аъзои ин гурӯҳ аз 15 то 25 солӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.
XS
SM
MD
LG