Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон таҳдиди ҳарбии Амрикоро маҳкум кард


Эрон имрӯз аз минбари Созмони Милал Иёлоти Муттаҳидаро барои таҳдиди ҳамлаи ҳарбӣ дар ҳоли дастрасии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ маҳкум кард. Кафили сафири Эрон дар Созмони Милал, Исҳоқ Олиҳабиб дар номае ба Дабир кул ва раиси Шӯрои Амният ва Маъмуи умумии Созмони Милал, гуфтааст, мақомоти Иёлоти Муттаҳида ахиран бо баҳонаи он ки гӯё Эрон дар пайи бунёди силоҳи ҳастаист, таҳдид мекунанд, ки аз чораҳои ҳарбӣ кор хоҳанд гирифт. Дар ин байн раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар телевизиони давлатии Эрон гуфт, Теҳрон дар сояи чунин таҳдидҳо бо Иёлоти Муттаҳида гуфтшунид нахоҳад кард. Иёлоти Муттаҳида ва бархе аз ҳампаймонҳои он Эронро дар талошҳои пинҳонии бунёди силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Эрон ин иттиҳомотро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG