Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаҳои минтақаии Тоҷикистон дар нишасти Сочӣ


Тоҷикистон дар остонаи нишасти Русия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон эълом дошт, ки хостори таҳкими равобити иқтисодӣ дар ин эътилоф аст. Намояндаи расмии Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ҳайати кишвараш ба мулоқот бо як силсила пешниҳодҳои рағбатангез сафар хоҳад кард. Гуфта мешавад, Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари дигар ба раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ ва энергетикист ва ба ин мақсад чанд тарҳи густардаро ба ширкатдорони мулоқот пешниҳод хоҳад кард. Намояндаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ҳамкориҳои чаҳоргона бар зидди ҳеҷ кишвари дигар нигаронида нашудааст. Қарор аст, президентҳои чаҳор кишвар Медведев, Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осифалӣ Зардорӣ рӯзи 18-уми август дар Сочии Русия мулоқот кунанд.
XS
SM
MD
LG