Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди бемориҳои вогир ба 3,5 млн кӯдак дар Покистон


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, тақрибан ба сеюним миллион кӯдак дар Покистон бемориҳои сироятии обовард таҳдид мекунанд, ки дар натиҷаи сел буруз кардаанд. Сухангӯи Созмони Милал Мауризйо Ҷулиано гуфт, Созмони ҷаҳонии беҳдошт омодаи кӯмак ба 140 000 нафар дар ҳоли эҳтимоли уфуни вабо шудааст, аммо обу беҳдошт бузургтарин мояи нигарони он аст, зеро шабакаи оби кишвар аз сел заҳролуд шудааст. Дабири кулли СММ Бан Ки-мун, ки аз Покистон дидан кардааст, бӯҳрони башариро, ки сел ба вуҷуд овардааст, “дилгудоз” номид. Ӯ гуфт, ки ин офат то ба 20 миллион нафар ва ба панҷяки қаламрави Покистон асар кардааст.
XS
SM
MD
LG