Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниш омбудсмени Қирғизистон ба гузориши HRW


Ахиран, дидбони ҳуқуқи башар гузориши худро дар бораи нооромиҳои Қирғизистон ба нашр расонд. Дар ин гузориш омадааст, ки мақомоти расмии Қирғизистон дар баъзе ҳолатҳо заминаро барои содир кардани ҷиноят фароҳам сохтаанд.

Бо вуҷуди ин, дар ин гузориш изҳори умед шудааст, ки ба рӯйдодҳои ҷануби Қирғизистон расидагии байналмиллалӣ сурат бигирад ва кумиссиюни миллии Қирғизистон низ бетарафона ҳодисаҳоро таҳқиқ кунад. Омбудсмени Қирғизистон мегӯяд, ҳоло дар дохили худи Қирғизистон низ як кумиссиюни бетараф аз ҳисоби намояндагони сокини ин кишвар, аз ҷумла қирғизҳо, русҳо, узбакҳо ва тоторҳо ташкил шудааст.

Ба ин кумиссиюн шахсиятҳои машҳури сисёсиву фарҳангӣ ва иҷтмоӣ шомиланд. Дар як мусоҳиба бо Турсунбек Охун-Омбудсмени Қирғизистон пурсидам:

Пурсиш:-Оё дар дохили худи Қирғизистон низ он гуна, ки Ҳумен Райтс Вотч пешниҳод кардааст, расидагӣ анҷом мегирад?

Посух: -Дувоздаҳ рӯзи пеш дар бораи ташкили кумиссиюни мустақили иҷтимоӣ фармон содир шуда буд. Гузашта аз ин омбудсмен рӯйдодҳои шаҳри Ӯшро арзёбӣ кардааст. Мо ба маҳалли ин руйдодҳо рафтем.Дар натиҷаи расидагӣ дар маҳали ҳодиса, мо ба хулосае расидем, ки на қирғизҳо, балки аҳолии узбак ба раҳбарии Қодирҷон Батиров ва Мамадрасулов ҳамларо оғоз кардаанд. Онҳо аз донишгоҳи Ҷалолобод ҳамларо шуруъ карданд, онҳо аввал тир кушодаанд ва нахустин одамон қурбон шудаанд. Рӯзи 11-ӯми июн, ҳамин гурӯҳҳо ба қирғизҳо ҳамла кардаанд ва қирғизҳо аслиҳа надоштанд. Субҳи рӯзи дигар қирғизҳо ҷамъ шудаанд, аслиҳа ба даст гирифтаанд ва ҷавоби сахт додаанд.

Пурсиш:- Дар ҳар сурат, дар гузориши Ҳюмен Райтс Вотч гуфта мешавад, ки нируҳои амниятӣ ба ҷои он, ки вазъро ором ва мушкилро ҳал кунанд, баръакс худашон мушкилофарин шудаанд ва ба як бахши мушкил табдил ёфтаанд. Назари шумо ба унвони раҳбари ҳуқуқи башари Қирғизистон дар ин бора чӣ аст?

Посух: -Дар аввал, вақте, ки онҳо дар деҳаи Нариман амалиёти тасфия анҷом медоданд, ҳамон вақт албатта аз ҷониби кормандони ҳифзи тартибот ба камбудиҳо роҳ дода шуд. Камбудиҳо албатта буд, онҳо савганди аскарии худро риоят накардаанд. Вале барои чӣ чунин амалиёти тасфия анҷом гирифт?

Барои он ки гурӯҳҳои Нариман дар қаламрави Қирғизистон қарор доштанд. Аммо сокинони Нариман низомиёнро ба он ҷо роҳ надоданд, то ба он ҷо дароянд ва аслиҳаи ғайриқонуниро бигиранд. Барои ҳамин онҳо маҷбур шуданд, даст ба амалиёти тасфия бизананд ва дар ҷараёни ин амалиёт неруҳои ҳифзи тартибот ба баъзе қонуншиканиҳо роҳ доданд. Шиканҷа додаанд, задаанд. Баъзе ҳолатҳо будааст. Ман онро инкор намекунам.

Пурсиш: -Ҷаноби Турсунбек Охун, дар рӯзҳои аввали ин нооромиҳо, сару садоҳое ба гӯш мерасид, ки дар ин нооромиҳо тоҷикон низ даст доранд. Ҳоло бо гузашти чанд вақт назари омбудсмени Қирғизистон дар ин бора чӣ аст? Оё чунин сару садоҳо воқеият доштанд?

Посух: -Ҳеҷ гуна диаспораи тоҷикон дар ин нооромиҳо даст надорад ва ягон тоҷик дар ин муноқишаҳо даст надорад. Ин муноқишаи миёни қирғизҳову узбакҳо буд.

Пурсиш:- Гаҳ- гоҳе расонаҳои Русия менависанд, ки гурӯҳҳои ҷабрдидаи узбактаборон ҳоло мутташаккил ва мусаллаҳ мешаванд, то аз қирғизҳо интиқом бигиранд. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Посух:- Аввал, мо чунин маълумот дар даст надорем ва мо намебинем, ки ин неруҳо гурӯҳҳо ташкил ва ба Қирғизистон ҳамла кунанд. Ин истисност. Мо артиш дорем ва мо неруҳои мусаллаҳ дорем, ки метавонанд ба чунин рафтор ҷавоб диҳанд. Ман фикр намекунам, ки узбакҳо гурӯҳҳои мусаллаҳ ташкил кунанд.
XS
SM
MD
LG