Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамадалиев: "Писарамро афсари пулис куштааст"


Шаҳобиддин Мамадалиев, як сокини тоҷиктабори вилояти Ҷалолободи Қирғизистон, иддао дорад, ки фарзанди ӯ - лейтенанти вазорати умури дохилии ин кишвар, аз сӯи афсари пулиси қирғиз бар пояи хусумати қавмӣ латтукӯб ва кушта шудааст.

Шаҳовиддин Мамадалиев ҳамроҳ бо духтар ва арӯси писари кушташудааш ба дафтари радиои Озодӣ дар Бишкек муроҷиат кард.

Қиссаи куштори лейтенанти тоҷик

Вай мегӯяд, фарзандаш Эркинҷони 33-сола лейтенанти калони вазорати умури дохилии Қирғизистон буд ва 4-уми август дар шаҳри Ӯш ба қатл расидааст. Ба гуфтаи ҷаноби Мамадалиев, писари ӯ дар меҳмонхонаи мавсум ба «Ӯш нурӣ» аз сӯи полковники милиса Таалай Мамитов латтукӯб ва аз зарби панҷ тири туфангчаи ӯ кушта шудааст.

Шаҳовиддин Мамадалиев гуфт, писараш дар рӯзҳои нооромиҳо дар ҷануби Қирғизистон бо фармони вазорати дохила барои ҷилавгирӣ аз ҳаводиси номатлуб ба вилояти Ӯш сафарбар шуда буд.

Ба гуфтаи ӯ, полковники милиса Эркинҷонро ба робита бо гурӯҳҳои тундрави исломӣ гумонбар номида ва ӯро худсарона ба марг маҳкум кардааст.

Маҳмадалиев: Писари ман гуноҳ надошт

Оқои Мамадалиев мегӯяд, вай мутмаин аст, ки писараш ҳаргиз ба гурӯҳҳои тундрав робита надошт ва маҳз ба хотири тоҷиктабор буданаш аз дасти полковники қирғиз Мамитов кушта шудааст.

Ба нақли ӯ, ин афсари баландруфтбаи вазорати дохилаи Қирғизистон дер боз писари ӯро таъна мезадааст, ки чӣ гуна як тоҷик тавонистаат, то ба мақоми коменданти вазорат бирасад.

Шаҳовиддин Мамадалиев мӯътақид аст, ки ҳамкорони писараш аз ваҳму ҳароси фармондеҳони худ дар ҳимояи Эркинҷон мӯҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд.

Нома ба раисиҷумҳури Қирғизистон

Ин сокини тоҷиктабори Ҷалолобод унвонии раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева ва ҳамчунин мақомоти вазорати дохила, додситонии кулл, Омбдусмени Қирғизистон нома навишта, таҳқиқи одилонаи ин қазияро талаб кардааст.

Аида Исоқова, завҷаи Эркинҷон мегӯяд, ба гурӯҳҳои тундрав мансуб донистани шавҳараш амалест, ки ба хотири ба бумбаст мувоҷеҳ кардани ҷараёни таҳқиқи ин қазия сурат гирифтааст. Хонум Аида меафзояд, ӯ то таҳқиқи ҷиддии қазия ва судури ҳукми одилонаи додгоҳ ором нахоҳад нишаст.

Роҳила, хоҳари Эркинҷон Мамадалиев Эркинҷон, мегӯяд, агар бародараш ба гурӯҳҳои тундрав робита медошт, полковник мебоист Эркинҷонро ба додгоҳ мекашид. Вай мегӯяд, вале Таалай Мамитов аз рутбаи худ сӯистифода карда, бародарашро ба қатл расондааст.

Хомӯшии мақомот

Дар ҳамин ҳол дастгоҳи раёсати ҷумҳур, вазорати дохила ва Омбдусмени Қирғизистон дар мавриди номаи падар, ҳамшира ва завҷаи лейтенанти калони милиса Эркинҷон Мамадалиев ягон вокуниш нишон надоданд.

Ноиби додситони кулли Қирғизистон дар вилояти Ӯш Георгий Иванов ба радиои Озодӣ перомуни ин қазия фақат гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ ва таҳқиқи он шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи ин сарчашма, то анҷоми таҳқиқи ҳодиса аз вокуниши ин мавзӯъ худдорӣ мекунад.

Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек аз куштори як афсари тоҷиктабори Қирғизистон ибрози ташвиш кард. Ин сафорат умедвор аст, ки таҳқиқи одилонаи қазия ҳақро ба ҳақдор мерасонад.
XS
SM
MD
LG