Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз вазъи озодии матбуот дар Украина


Ҳомиёни озодии матбуот аз созмони "Сонсур қатъ шавад"-и Украина мегӯянд, агар муносибати ҳукумати президент Янукович бо матбуот ҳамин гуна идома кунад, журналистони Украина даст ба коршиканӣ хоҳанд зад. Дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, дар шаш моҳи раҳбарии Янукович фишор ба матбуот афзоиш ёфта, чандин мавриди ҷилавгирӣ аз кори журналистон ва сонсури матолиби онҳо ба мушоҳида расидааст. Даҳуми август ҳамчунин Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуот дар Вена дар изҳороте аз афзоиши ҳамлаҳо ба журналистон дар Украина нигаронии худро баён дошт.
XS
SM
MD
LG