Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камол Айнӣ дар синни 83-солагӣ даргузашт


Камол Айнӣ, донишманд ва фарзанди Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти навини тоҷик дар синни 83-солагӣ даргузашт. Камол Айнӣ, аз бемории қалб ранҷ мекашид. Маросими ҷанозаи ӯ субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва ӯро дар канори гӯри падараш дар Боғи Айнӣ ба хок супурданд. Ин адабиётшиноси барҷастаи тоҷик, дар таърихи 15 майи соли 1928 дар шаҳри бостонии Самарқанд ба дунё омадааст. Яке аз хидматҳои барҷастаи Камол Айнӣ, барои чоп омода кардани “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар замони шӯравии собиқ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG