Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояи Барак Обама аз тарҳи масҷид дар Ню Йорк


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, аз бунёди масҷид ва маркази исломӣ дар наздикии маҳалли вуқӯъи амалиёти террористии 11-уми сентябр дар Ню Йорк ҳимоят мекунад. Ба ин тарҳ аксарияти сокинони Ню Йорк ва дигар амрикоиҳо мухолифанд, зеро мӯътақиданд, ки чунин кор як навъ беэҳтиромӣ ба хотираи беш аз 2700 нафар аст, ки дар он ҳамлаҳо ҷон доданд.

Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико, зимни сӯҳбат дар ифтори оросташуда барои дипломатҳои кишварҳои исломӣ ва намояндаҳои иттиҳодияҳои мусулмонии Амрико гуфт, мусулмонон мисли тамоми амрикоиҳои дигар ҳаққи ибодат ва анҷоми маросими мазҳабӣ доранд.Вай гуфт:

"Ҳамчун як шаҳрванд ва ҳам раисиҷумҳур ман мӯътақидам, ки мусулмонон ба андозаи ҳар нафари дигар дар ин кишвар ҳаққи адои маросим ва ибодат доранд. Аз ҷумла ҳаққи бунёди ибодагоҳ ва маркази ҷамъиятӣ дар мулкияти ҷамъиятӣ дар Манҳеттен. Ин Амрикост ва тааҳудоти мо ба озодии мазҳабӣ бояд аз устувор бошад.“

Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико, беҳбуд бахшидан ба равобити Амрико бо ҷаҳони исломиро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ кардааст. Бори аввал аст, ки ӯ ба мубоҳисоти авҷгирифта дар мавриди бунёди масҷид дар маҳалли наздик ба вуқӯъи ҳамлаҳои 11 сентябр ба Ню Йорк ҳамроҳ мешавад.

Масҷид ва маркази исломӣ дар шафати харобаҳои Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Ню Йорк сохта хоҳад шуд
Баҳси мухолифон ва ҷонибдорони сохтмони масҷид


Аксарияти хонаводаҳои 2700 қурбонии ин ҳамлаҳои террористӣ, ки дар рӯзи 11 сентябри соли 2001 ба вуқуъ пайваста буд, бо раҳандозии ташвиқоти эҳсосбарангези густурда даъват кардаанд, то иҷоза надиҳанд, ки дар он маҳал масҷид сохта шавад. Онҳо ин тарҳро беэҳтиромӣ нисбат ба қурбониёни фоҷиа ва як амали иғвобарангезона медонанд.

Сиёсатмадорони муҳофизакори Амрико ба мисли Сара Палин, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми муоивини раиси ҷумҳур ва Нют Ҷингрич, раиси собиқи Маҷлиси Намояндангони Амрико аз ҳизби мазкур, хостори лағви тарҳи бунёди масҷид шудаанд.

Аммо аввали ҳамин моҳ ниҳоди марбутаи шаҳри Ню Йорк иҷоза дод, то маркази фарҳангии мусулмонон, ки ибодатгоҳ ҳам хоҳад дошт, дар наздикии маҳалли вуқӯъи ҳамлаҳо дар шаҳр сохта шавад.

Бо он, ки Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико, шӯру ҳассосият дар робита ба сохтани масҷид дар Манҳеттенро эътироф кард, вале ҳамзамон гуфт, тааҳудоти Амрико ба озодии мазҳабӣ устувор аст:

“Дар воқеъ, дар тӯли таърих, мазҳаб дар марзҳои марзҳои мо нашъунамо кард, чаро ки амрикоиҳо ҳам ҳаққи ибодат доштанд ва ҳам ҳақ доштанд, ба ҳеҷ мазҳабе эътиқод накунанд. Ин дар васиятномаи хиради бунёнгарони мо аст, ки Амрико амиқан мазҳабӣ боқӣ мемонад. Кишваре, ки мардумони эътиқодҳои гуногун мусолиматомез ва бо эҳтиром ба ҳам зиндагӣ мекунанд, дар муқоиса ба ҳарҷои дигари саёра, ки муноқишаҳои мазҳабӣ боқӣ мондааст".

Обама: Ал-қоида ҳаммаънӣ бо Ислом нест

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин таъкид кард, ки Ал-қоида ҳаммаънӣ бо Ислом нест ва Ал-қоида мусулмононро назар ба пайравони ҳар мазҳаби дигар бештар куштааст.

Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню Йорк, ҳам аз тарҳи бунёди маркази мазҳабии мусулмонон дар шаҳр, ки дигар созмонҳои мазҳабҳои дигар ҳам доранд, ҳимоят кардааст. Аммо бар асоси як назархоҳии созмони “Марист Полл”, 53 дарсади аҳолии Ню Йорк мухолифи бунёди он марказ будаанд. Бунёди Маркази исломии Кордоба дар Ню Йорк идеяи Имом Файсал Абдулрауф, як рӯҳонӣ ва донишманди араби амрикоист, ки гуфтааст, марказро аз Иттиҳодияи масеҳиёни ҷавони Амрико нусхабардорӣ кардааст.

Ин иттиҳодия дар саросари Иёлоти Муттаҳида, бахшҳо дорад ва ба мардуми хоҳишмандро ба дарс ва корҳои ҷамъиятӣ ҷалб мекунад. Маркази Кордоба, дар як бинои 13 табақа воқеъ шуда ва толоре бо 500 ҷой, намоишгоҳ ва ҳавзи шиноварӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG