Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ҳаққи бештар дорад: волидон ё ҳамсар?


Дар Тоҷикистон ин тамоюл вуҷуд дорад, ки ҷавонони муҳоҷир умдатан кӯмакпулии худро ба ҳамсар намефиристанд. Ё ба мулоҳизаҳои ахлоқӣ ё суннатӣ ва ё ба далоили дигар. Кӯмакҳои муҳоҷиронро одатан волидон мегиранд ва сипас бар тибқи салоҳдиди худ дар хонавода тақсим мекунанд.

Теъдоде мегӯянд, зоҳиран ин суннати хуб аст, зеро аз кӯмаки муҳоҷир аъзои бештари хонавода баҳра мебаранд. Аммо айни замон ҷанбаҳои ноаёне дар ин тамоюл вуҷуд дорад, ки ҳам зиндагии зану фарзандони худи муҳоҷир ва ҳам дар ояндаи дуртар зиндагии тамоми аҳли хонаводаи ӯро бад мекунад.

Дар ин бора радиои Озодӣ сӯҳбате дошт бо Малика Ёрбобоева, ҳамоҳангсози миллии барномаи муҳоҷирати намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон ва суоли нахуст аз ӯ доир ба ҷузъиёти ҳамин тамоюл буд.

Малика Ёрбобоева: -Бо назардошти тарзи тафаккури тоҷикони мо бисёре аз муҳоҷирони корӣ, ки ба Русия мераванд, маъмулан пули худро ба волидонашон, ё ба модар ё падар мефиристанд. Баъди ин волидон тасмим мегиранд, ки ба хонаводаи худи муҳоҷир, ба зану фарзанди ӯ чӣ қадар бидиҳанд. Дар баъзе ҳолат ин пул ба зану фарзандони худи муҳоҷир намерасад, чунки хонаводаҳои тоҷикони мо дар рустоҳо бисёр бузург аст ва масалан дар як хонавода чанд бародар бо зану фарзандонашон ҳастанд. Аз ин рӯ волидон пулро бар хости худашон тақсим мекунанд. Шояд ин пулро баъзан ба бародарону хоҳарон ва ё хоҳарони бевамондаи ҳамон хонавода тақсим мекунанд. Аз ҳамин хотир кӯмакпулии муҳоҷир то ба ҳамсари ӯву фарзандонаш намерасад.

Суол: -Ин тамоюл ба вазъи хонаводаи худи муҳоҷир чӣ гуна асар мегузорад, зеро метавон гуфт, ки орзуи муҳоҷир маҳз беҳбуди вазъи зиндагии хонаводааш аст.

Таҳлилгарон мегӯянд, тайи солҳои ахир шумори муҳоҷироне, ки ба ватан барнамегарданд, рӯ ба афзоиш аст
Малика Ёрбобоева:
-Агарчӣ волидони муҳоҷир ҳам бахше аз хонаводаи ӯ ҳастанд, вале аксар вақт пул ба худи ҳамсари муҳоҷир ва кӯдаконаш намерасанд. Ва ин албатта ба вазъи зиндагии хонаводаи ӯ таъсири бад мегузорад. Масалан кӯдак дар вазъе мемонад, ки бинобар нарасидани пул ба мактаб намеравад ва бесавод мемонад. Ҳамингуна зани муҳоҷир пул намеёбад, ки кӯдакашро ба назди табиб барад ва барои ӯ дору бихарад. Ҳамаи инро раҳбари хонаводаи муҳоҷир, модар ва ё падар ҳал мекунад.

Суол: -Табиатан дар чунин ҳолат, моҷароҳои хонаводагӣ ҳам сар мезанад?

Малика Ёрбобоева: -Албатта. Чунки таври маълум арӯс дар хонаи шавҳар фарди як андоза бегона маҳсуб мешавад. Ҳатто агар гӯянд, ки келин духтари хонавода мешавад, вале ба ҳар сурат ҳисси бегонагӣ нисбат ба ӯ вуҷуд дорад ва баъзе моҷароҳои хонаводагӣ сар мезананд. Аз ин рӯ ҳамон бадбинӣ нисбат ба келин боқӣ мемонад ва сабаб мешавад, ки баъдан кӯмакпулии шавҳарашро, ки дар Русия ва ё ҷойи дигар кор мекунад, ба ҳамсараш надиҳанд.

Суол: -Ва ҳамин вазъ ба худи муҳоҷир, ки ба хотири хонаводааш ва зану фарзандаш сахтиҳои зиёдеро дар Русия таҳаммул мекунад, чӣ асар мегузорад?

Малика Ёрбобоева: -Ҳарчӣ метавонад, иттифоқ афтад. Масалан муҳоҷир метавонад муҳоҷиратро гузошта ба Тоҷикистон баргардад ва ё фаразан дар ҳамон Русия монда, зани рус бигирад ва бигӯяд, ки ба ман ин дардисарҳои шумо чӣ лозим аст, шумо маро бо ин ҷанҷолҳоятон безор кардед. Метавонад бигӯяд, ки беҳтар аст ман дар инҷо бимонам, кор кунам ва касе ҳам маро ғам надиҳад. Паёмадҳои вазъи мавҷуд, гуногун буда метавонад.

Суол: -Воқеан мегӯянд, ки ҳамин тамоюл шиддат гирифтааст, яъне ҷавонони муҳоҷирои тоҷик бештар дар Русия мемонанд ва ба назди зану фарзандонашон барнамегарданд?

Малика Ёрбобоева: -Бале. Мо ҳамингуна пажӯҳиши умумие дар соли гузашта анҷом додем ва хонаводаҳои зиёде ҳастанд, ки шавҳаронашон онҳоро танҳо гузоштаанд. Танҳо дар ноҳияи Ғончӣ тақрибан 2000 ҳазор зане ҳаст, ки шавҳаронашон аз Русия барнагаштаанд, танҳо дар як ноҳия 2000 ҳазор занро шавҳаронашон танҳо мондаанд. Бисёре аз онҳо намедонанд, ки шавҳаронашон куҷоянд ва ё зинда ҳастанд, ё не. Бисёриҳо ба хотири муҳоҷирони дурудароз бедарашуда маросими сӯгворӣ баргузор мекунанд, вале баъди чанд вақт ошкор мешавад, ки касе ӯро бо зани ғайритоҷики кӯдакдоре дидааст. Ин гуна маворид бисёр зиёд аст ва рӯз ба рӯз бештар мешавад. Бояд ҷомеа ин мушкилро дарк кунад ва барои ҳалли он сарҷамъона талош варзад. Агарчӣ аз тарафи масалан рӯҳониён барои ҷилавгирӣ аз ин раванд, ҳаракатҳое буд, ба мисли манъи талоқҳо бо эс эм эс, вале бояд талошҳои бештаре ба харҷ дод ва роҳи ҳалли мушкилоти занонеро пайдо кард, ки ба ин ҳол гирифтор шудаанд.

Суол: -Масалан чӣ роҳи ҳалле буда метавонад?

Малика Ёрбобоева: -Дар Ҳинд як вазоратхона аст ва он ҳам вазоратхонаи умури ҳиндуҳои хориҷи кишвар ва ин вазорат бахши махсусе дорад, ки ба ҳамингуна занон, яъне онҳое, ки шавҳаронашон танҳояшон гузоштаанд, аз назари иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ кӯмак мекунад. Чаро мо аз чунин таҷриба истифода накунем. Ҳинд дар заминаи муҳоҷирати корӣ таҷрибаи бой дорад ва онҳо дар замонаш ба ҳамингуна мушкил дучор шудаанд. Ин як тамоюли муқаррарӣ аст, ки муҳоҷирон дар кишвари муҳоҷирпазир мемонанд, зеро бо гузашти панҷ сол ба муҳоҷир фарҳанг ва шеваи зиндагиву имконоти ҳамон кишвар хуш меояд ва аз ин рӯ муҳоҷир тасмим мегирад, ки дар ҳамон кишвар соҳиби хонавода шуда дар ҳамонҷо бимонад. Ин тамоюл дар кишварҳои зиёде ҳаст, аммо бояд доир ба роҳи ҳалли мушкилоти зани муҳоҷир ва кӯдакони ӯ андеша кард, ки дар кишвар мемонанд ва мушкилоти онҳо ба дӯши ҳукумату давлат меафтад.

Суол: -Кадом роҳи ҳал вуҷуд дорад?

Малика Ёрбобоева: -Шояд пеш аз фиристодани муҳоҷир ба муҳоҷирати корӣ бояд тавре кард, ки хонаводаи ӯ дар сурати бознагаштанаш аз назари иҷтимоӣ ҳимоят шавад. Аз онҷо ки бисёре аз муҳоҷирони кории мо дар Русия бе қарордоди расмӣ кор мекунанд, дар сурати монданашон дар Русия аз онҳо ситонидани алимент бисёр мушкил мешавад. Аз ин рӯ бояд муҳоҷиратро ба маҷрои қонунӣ даровард. Бояд тавре кард, ки муҳоҷир аз роҳи қонунӣ ба Русия биравад, ҷойи кори муайян дошта бошад. Баъд аз ин батадриҷ мешавад аз онҳо алимент талаб кард, ба шарте ки тасмим бигиранд, ки дар онҷо мемонанд. Ё ки бахше аз моликияти онҳоро ба номи ҳамсараш кунанд, ё агар ҳатто инро нахоҳад, ҳадди аққал ба номи фарзандонаш сабт кунад. Баъзе аз муҳоҷирон моликияти худро ба номи волидонашон сабт мекунанд ва дар сурати барнагаштани онҳо, чӣ гуна ҳамсар метавонад, ба он моликият даъво кунад. Ҳатто агар додгоҳ ҳам ба нафъи онҳо бахше аз моликияти шавҳарро биситонад, аммо тассавур кунед, ки ӯ чӣ гуна метавонад бо аҳли хонаводаи шавҳар зиндагӣ кунад. Таҳти фишори зиёди равонӣ бисёре аз чунин занҳои танҳо хонаводаи шавҳарро тарк мекунанд ва агар падару модар дошта бошанд, ба хонаи онҳо мераванд, вале агар надошта бошанд, бародараш тавонад кӯмак мекунад, натавонад, зан бо фарзандонаш дар кӯча мемонад. Ва зимнан теъдоди ҳамингуна кӯдакони бесаробонмонда зиёд шудааст. Дар ин бора ҳам бояд андеша кард.

Суол: -Аммо як роҳи дигари ҳалли чунин мушкил бо худ бурдани аҳли хонавода ба муҳоҷират буда метавонад. Чаро ҷавонони тоҷик аз ин кор парҳез мекунанд?

Малика Ёрбобоева: -Чаро ки шароит дар Русия иҷоза намедиҳад, ки онҳо ҳамсару фарзандонашонро бо худ баранд. Бе инҳам баъзеи онҳо дар як хонаи як ҳуҷрагӣ 10 то 20 нафар зиндагӣ мекунанд. Дар ин шароит чӣ гуна зану фарзандатро бо худ мебарӣ. Дигар омил бегонаситезии зиёд дар Русия аст. Худи зиндагии муҳоҷир дар онҷо зери хатар аст ва аз ин рӯ онҳо намехоҳанд, зиндагии зану фарзанди худро ба хатар андозанд. Шумо дар ёд доред, ки духтараки 8 солаи тоҷик дар шаҳри Санкт Петербург аз дасти роҳзанҳо ва ё сартарошидаҳо кушта шуд. Бо назардошти чунин шароит муҳоҷир пеш аз бурдани ҳамсару фарзандаш ба Русия сад бор андеша мекунад.
XS
SM
MD
LG