Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзи ғазаб" чандин мухолифро ба маҳбас бурд


Ду фаъоли мухолифини Русия, ки рӯзи 12 август дар Маскав дар ҷараёни эътирозҳои марбут ба “Рӯзи ғазаб” боздошт шуданд, то ҳол дар боздоштгоҳ боқӣ мемонанд.
“Рӯзи ғазаб” бахше аз маъракаи алайҳи сиёсати шаҳрдории Маскав ва шаҳрдораш Юрий Лужков бароҳандохташуда буд.
Сергей Удалтсов ва Константин Косякин, ҳарду узви Ҷабҳаи чап дар роҳ ба сӯи гирдиҳамоӣ боздошт шуданд. Пулис Лев Пономарёв, як фаъоли шинохтаи ҳуқуқи башарро низ иҷборан аз маҳалли гирдиҳамоӣ гирифт. Пономарёв, ки шоми панҷшанбе ба иллати боло рафтани фишори хунаш ба бемористон мунтақил шуд, гуфтааст, аз рафтори пулис ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG