Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"The Atlantic": Эҳтимол Исроил Эронро бомбаборон кунад


Маҷаллаи маъруфи амрикоӣ бо номи "The Atlantic" (Атлантик) тахмин кардааст, ки агар таҳримҳои иқтисодӣ ба ҳадаф нарасанду Теҳрон татбиқи барномаи ҳаставияро давом диҳад, шояд дар тӯли 12 моҳи оянда Исроил Эронро бомбаборон кунад.

Муаллифи мақола дар маҷаллаи "The Atlantic" Ҷефрӣ Голдберг баъди сӯҳбат бо чандин мақоми баландпояи Исроил, ИМА ва кишварҳои араб ба чунин хулоса омада, илова кардааст, ки феълан имкони ҳамлаи ҳавоии Исроил болои Эрон бештар аз 50 ба дарсад мебошад.

Ҷефрӣ Голдберг баъди сӯҳбатҳояш бо мансабодорони баландпояи Исроил, Амрико ва як идда мамолики араб дар маҷаллаи мӯътабари амрикоӣ бо номи "The Atlantic" хулоса кардааст, ки эҳтимоли ҳамла ба Эрон афзоиш меёбад, зеро нигаронии Исроил аз барномаи ҳаставии Ҷумҳурии Исломӣ бештар шудаву маъмурияти президенти ИМА Барак Обама низ ҳозир аст ба он мухолифат намояд.

Ҳамла бидуни ҳамоҳангии Амрико?

Голдберг менависад, агар имконоти мавҷуда, Эронро аз роҳи татбиқи барномаи баҳсбарангези ҳастаияш барнагардонанд, шояд дар давоми як соли оянда сарвазир Бенямин Нетаняҳу беш аз 100 ҳавопаймои ҷангии Исроилро ба воситаи ҳарими ҳавоии Арабистони Саудӣ, Сурия, Тукрия ва Ироқ ба ҳамла ба муассисаҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон сафарбар кунад.

Ба ақидаи Голдберг чунин ҳамла бидуни ҳамоҳангӣ бо Амрико ҳам сурат гирифта метавонад ва ҳадафи он муассисаҳои Натанз, Қум, Исфаҳон ва ҳатто нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр буда метавонад, ки бо кӯмаки Русия сохта мешавад.

ИМA ва Исроил бар ин ақидаанд, ки Эрон мехоҳад ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ муваффақ шавад, вале Теҳрон ин иттиҳомро рад анмуда, исрор меварзад, ки барномаи ҳастаии ин кишвар ҳадафҳои осоишта дорад.

Ҷои ёдоварист, ки мақомоти ИМА ҳамлаи ҳавоӣ болои муассисаҳои ҳастаии Эронро амали самараовар намешуморанд, зеро ба гуфти онҳо дар чунин ҳол татбиқи барномаи ҳастаии Эрон фақат як сол таъхир меёбад.

Аммо Голдберг ҳамлаи соли 1981 болои муассисаи ҳастаии Ироқро ба хотир меорад. Он замон ҳам таъкид мешуд, ки ҳамлаи ҳавоӣ болои муассисаи ҳастаии Осираки Ироқ, татбиқи барномаи ҳастаии режими Саддом Ҳусайнро ба муддати на бештар аз як сол ба таъхир мегузорад.

Муаллифи мақола дар "The Atlantic" идома медиҳад, ки агар ин ҳамла воқеан рӯй диҳад, минтақаи Ховари Миёна ба вартаи ҷанги васеъмиқёс фурӯ рафта, ҳазорҳо исроилӣ, эронӣ, араб ва амрикоӣ ба ҳалокат хоҳанд расид.

"Исроил бидуни машварат бо Амркио ба амале даст намезанад"

Дар ҳамин ҳол шореҳи исроилӣ Мейр Ҷовидонфар, ки аслан зодаи Эрон аст, мегӯяд, Исроил бидуни машварат бо Амрико бо амале даст нахоҳад зад:

"Ман микр намекунам, ки чунин имкон воеқӣ бошад, зеро дар давраи раёсатҷумҳурии Ҷорҷ Буш ҳам Исроил кӯшиш кард, Амрикоро ба ин ҳамла моил созад, вале президент Буш, ки муттафиғқи савгандхӯрдаи Исроил аст, ин интихобро канор гузошт. Пуштибонии президент Обама аз Исроил ба воқеият наздиктар буда, аз эҳтимол дур аст, ки ин ҳамларо дастгирӣ кунад. Агар боз ҳам Исроил бидуни машварат бо Амрико ин ҳамларо раҳандозӣ кунад ва ба назар нагирад, ки феълан ҳазорҳо сарбози Амрико дар Афғонистону Ироқ мустақар мебошанд, равобити миёни ду кишвар бо зарбаи вазнин мувоҷеҳ хоҳад шуд".

Ҷовидонфар бар ин назар аст, ки ҳадаф аз ин таҳдиди Исроил водор намудани Эрон ба созиш бо кишварҳои ғарбӣ ва водор намудани Русияву Чин ба пуштибонӣ аз таҳрими Эрон аст.

Дар ҳамин ҳол маҷаллаи дигари амрикоӣ бо номи "Foreign Policy" (Форин Полисӣ) менависад, ки ба эҳтимоли зиёд ҳадаф аз мақолаи Голдберг таҳрик намудани ҳамлаи амрико болои Эрон аст. Муаллифон Флинт ва Ҳилларӣ Ман Леверет хотирнишон кардаанд, ки соли 2002-ум низ Голдберг ба ҳамла болои Ироқ ташвиқ мекарду иддао дошт, ки режими Саддом Ҳусайн бо созмони Ал-Қоида равобити наздик барқарор кардааст.

Маҷаллаи "Foreign Policy" ташаббусҳои сулҳдӯстонаи президенти Амрико Ричард Никсон дар солҳои ҳафтодуми асри гузаштаро ба ёд оварда, ёдрас мекунад, ки аз он вақт ба ин тараф Мисру Чин на душман, балки коршарикони Амрико шудаанд ва агар президент Обама ҳам Эронро ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ водор кунад, саҳми ӯ бузург хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG