Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Реактори нахустини Эрон ба зудӣ ба кор медарояд


Ожонси ҳастаии Русия гуфт, нахустин реактори ҳастаии Эронро рӯзи 21 август ба кор хоҳад андохт. Русия ба Эрон дар сохтмони тӯлкашидаи нирӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр кӯмак мерасонад. Эрон гуфта буд, ки ин нирӯгоҳ дар поёни моҳи сентябр дар пайи анҷоми озмоиши сӯхти ҳастаӣ дар реактори сохти Русия мавриди истифода қарор мегирад.
Кишварҳои Ғарб бар ин назаранд, ки Эрон талош дорад ба сохтани бомби ҳастаӣ даст биёбад. Ғарб ба ин далел ба ҳамдастии Русия дар эҳдоси нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Эрон нигоҳи интиқодӣ дорад. Аммо Маскав мегӯяд, тарҳи нирӯгоҳи Бушеҳр комилан ғайринизомист ва ширкаташ дар ин барнома муноқиз бо таҳримоти СММ нест.
XS
SM
MD
LG