Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони қирғиз истеъфои ҳукуматро талаб доранд


Тухтаойим Уметалиева-фаъоли ҳуқуқи башар дар Қирғизистон
Тухтаойим Уметалиева-фаъоли ҳуқуқи башар дар Қирғизистон

Тухтаойим Уметалиева, арбоби ҷамъиятӣ, ҳомии ҳуқуқи башар ва яке аз даъвогарони курсии президентии Қирғизистон дар ду интихоботи пешини ин кишвар, бо пахши як изҳорот, аъзои ҳукумати Роза Отунбоеваро дар барҳам задани суботу барқарорӣ муттаҳам кард. Ба гуфтаи ӯ, то истеъфои аъзои ин ҳукумат, дар Қирғизистон фазои солим барқарор нахоҳад шуд.

Тухтаойим Уметалиева мегӯяд, агар аъзои ҳукумати муваққатӣ тарафдори барқарории амнияту субот дар кишвараш бошанд ва аз шаффофу демократӣ гузарондани интихоботи парлумонӣ пуштибонӣ кунанд, бояд аз мақомҳои худ истеъфо диҳанд.

Ташаннуҷ ҳанӯз боқист

Мавсуф гуфт, ки дар кишвараш авзоъ ҳанӯз ба ташаннуҷ рӯбарӯст.

Ба таъкиди вай ин дар ҳолест, ки ҳамапурсӣ баргузор шуд ва ба кодекс дар бораи интихоботҳо тағйироту иловаҳо ворид гардид.

Тухтаойим Уметалиева мӯътақид аст, ки аз ҳукумат берун кашидани иддае аз аъзои он, авзои кишварашро ба эътидол хоҳад овард.

Вай гуфт, Азимбек Бекназаров, ки ноиби нахуствазир таъйин шудааст ва Кенгешбек Дуйшебоев, ки мақоми раиси кумитаи амниятро бар дӯш дорад, дар зудтарин фурсат бояд вазифаҳои худро супоранд.

Тухтаойим Уметалиева, раиси амният ва кормандони идораи ӯро дар боздошт ва шиканҷаи афроде муттаҳам намуд, ки 7 апрел ба нерӯҳои президенти собиқ Боқиев муқовимат нишон додаанд ва баъди ишғоли Кохи сафед, ҳукумати Роза Отунбоеваро сари қудрат овардаанд.

Вай ҳамчунин аксуламалҳои ҷавонони кишвараш дар вилояти Ӯш алайҳи ворид кардани як гурӯҳ пулиси САҲА-ро ҳуқуқи конститутсионии онҳо маънидод кард.

Ба гуфтаи ин арбоби ҷамъиятӣ, агар Қирғизистон ба фазои давлати ҳуқуқӣ ворид шудааст, президент Роза Отунбоева бояд аъзои ҳукумат ва нахуствазирро таъйин кунад. Вай мегӯяд, дар акси ҳол ҷомеаи кишвараш ҳақ дорад, ки раҳбарияти вақти ҷумҳуриро эътироф накунад ва ҳукумати нав таъсис диҳад.

Марат Қазоқбоев, коршиноси масоили сиёсии қирғиз, иброз дошт, ки баъди эълони рӯзи интихоботи парлумонӣ, президент ҳукумати муваққатро бояд пароканда кунад.

Ба гуфтаи ин коршинон, чунин иқдоми президент метавонад боиси норизоиҳои баъзе ҳаммаслакони ӯ шавад, вале қонунгузориҳои Қирғизистон тақозо мекунанд, ки Роза Отунбоева ба ин амали пурмасъулияту ҷиддӣ даст занад.

Мухолифон: ҳукумат бояд ба истеъфо равад

Аммо Азимбек Бекназаров, ноиби нахуствазир, иброз дошт, ки аз ширкат дар интихоботи парлумонӣ даст кашидааст.

Ба гуфтаи вай, шӯрои сиёсии ҳизби «БЭК» ё «Иттиҳоди ҷунбиши мардумӣ» тасмими ӯро маъқул шуморид ва аз сарварии ин ҳизб истеъфо дод.

Ин дар ҳолест, ки Эдил Байсалов, яке аз сиёсатмадорони ҷавони қирғиз дар сафи ҳукумат мондани Азимбек Бекназаровро шадидан интиқод кард.

Ба гуфтаи Эдил Байсалов, новобаста аз он, ки ҳизби Азимбек Бекназаров дар интихобот ширкат мекунад ё на, Бекназаров бояд мақоми ноиби нахуствазир фавран истеъфо диҳад.

Ба таъкиди Байсалов, ҳизби сотсиал-демократи Алмосбек Атамбоев дар интихобот ширкат мекунад, вале раиси он Атамбоевро хост, ки дар ҳукумати муваққатӣ вазифа анҷом диҳад. Эдил Байсалов мегӯяд, онҳо пофишорӣ карданд, ки курсии ҳукумати муваққатиро раҳо кунад.

Аммо дар мавриди изҳороти арбоби ҷамъиятӣ Тухтаойим Уметалиева ва муроҷиати ӯ ба Роза Отунбоева, дафтари матбуоти президенти Қирғизистон ягон вокуниш нишон надодааст.

Бино ба ин манбаъ, рӯзи панҷшанбе Роза Отунбоева ба минтақаи ҷануб сафар намудааст ва аз вилояти Ҷалолобод боздид кардааст, ки дар ҷараёни даргириҳои байниқавмии моҳи майи соли равон хисороти ҷониву молӣ дидааст.
XS
SM
MD
LG