Жанат Кешубоев, сарпарасти сарвари кумитаи системаи иҷроияи ҷиноӣ дар устони Оқмола, дар сӯҳбат бо радиоио Озодӣ гуфт, шумори захмиҳо 81 нафар буда, 44 нафарашон ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ба гуфтаи сарпарасти кумитаи системаи иҷроияи ҷиноӣ дар устони Оқмола, ҳангоми ҳуҷум ба зиндон се сарбоз низ ҷароҳати сабук бардоштанд.
Худсӯзии зиндониён
Вале ҳимоятгари ҳуқуқи инсон Вадим Курамшин дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар асл дар зиндони Гранитний 3 нафар зиндонӣ ба ҳалокат расиданд. Яке аз онҳо ба нишони эътироз худро оташ задааст.
Оқои Курамшин афзуд, ҳангоме, ки зиндониён бадани худро бурида хуншор карда буданд, сарварони зиндон онҳоро ба бемористон интиқол надоданд то иттилоъ дар бораи ин ҳодиса ошкор нашавад. Фақат 8 нафар зиндониеро, ки ҷароҳати вазнин бардоштанд, ба бемористон интиқол доданд ва дигарон оғуштаи хун хобида буданд.
Ҳарчанд мақомоти зиндон омилини сар задани ошӯб дар зиндонро марбут ба низои худи зиндониён мехонанд, вале Вадим Курамшин, мудофеи ҳуқуқи инсон бо такя ба иттилои аз зиндон ба вай расида мегӯяд, ки моҷарое байни зиндониён сурат нагирифта ва шумораи зиёди зиндониён чун нишони эътироз ба шароити бади зиндон бадани хешро буриданд.
Парвандаи алайҳи маҳбусони ошубгар
Панҷ нафар чун созмондиҳандагони бенизомиҳо муайян шудаанд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ бо моддаи муроот накардан ба тартиботи мавҷуда боз карда шудааст.
Барои фурӯ нишондани ошӯби зиндониён 120 сарбози нерӯҳои дохилӣ ва 60 нафар корманди кумитаи системаи иҷроияи ҷиноӣ сафарбар карда шудаанд. Эътирозҳои умумии зиндониён дар ин ҷо рӯзи 9 август оғоз гардида буд.