Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама оғози моҳи рамазонро ба мусулмонони ҷаҳон табрик гуфт


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дар як изҳороти расмӣ оғози моҳи рамазонро ба мусулмонони Амрико ва саросари ҷаҳон табрик гуфт. Дар изҳороти расмие, ки Кохи сафед аз номи ӯ пахш кард, гуфта мешавад, маросими моҳи рамазон усули муштараки ҳамаи мо ва нақши исломро дар пешбурди адл, рушд, таҳаммулпазирӣ ва шаъни инсонӣ ёдовар мешавад. Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон низ дар паёме ба муносибати шурӯи моҳи рамазон ба мусулмонони ҷаҳон сулҳу осоиш орзу кард.
XS
SM
MD
LG