Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия мехоҳад худ ҳамла ба корвони Ғаззаро таҳқиқ кунад


Ҳукумати Туркия мегӯяд, барои таҳқиқи ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба киштиҳои корвони сулҳи Ғазза дар 31-уми май, ки бо ҳалокати 9 шаҳрванди Туркия мунҷар шуд, кумиссюни худро таъсис хоҳад дод. Вазорати умури хориҷии Туркия гуфт, натиҷаҳои кори ин кумиссюн ба гузориши ниҳоии ҳукумат, ки бояд ба муҳаққиқони байнулмилалӣ супурда шавад, шомил мегардад. Исроил таҳдид кардааст, ки агар кумиссюни Созмони Милал ба бозпурсии сарбозонаш пойфишорӣ кунад, аз ҳайати он хориҷ хоҳад шуд. Исроил барои таҳқиқи ҳодиса ду комиссюни дохилии худро таъсис додааст.
XS
SM
MD
LG