Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти ду кӯҳнаварди украинӣ дар шарқи Тоҷикистон


Гурӯҳи наҷотбахши Кумитаи изтирории Тоҷикистон ду нафар аз кӯҳнавардони украиниро, ки ахиран дар наздикиҳои пиряхи Федченко, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, бенишон шуданд, пайдо кардааст. Ҷустуҷӯи нафари севвум дар ин соатҳо идома дорад. Яке аз кӯҳнавардон Алексей Вашенко бо чархбол ба бемористони ноҳияи Ҷиргатол интиқол дода шудааст. Кӯҳнаварди дуввуми украинӣ Алексей Никоненко ҳамроҳ бо гурӯҳи наҷотбахш аст ва онҳоро дар ҷустуҷӯи нафари севвум – Олег Монсар, ки гуфта мешавад, аз кӯҳ афтодааст, раҳнамоӣ мекунад. Вазъи сиҳатии ду нафар кӯҳнаварди пайдошуда мӯътадил арзёбӣ мешавад. Кӯҳҳои Помир дар шарқи Тоҷикистон ҳамеша мавриди алоқаи ҷаҳонгардон ва хоса кӯҳнавардони хориҷӣ будааст.
XS
SM
MD
LG