Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Барак Обама ба мусалмонони ҷаҳон


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, мусалмонони Иёлоти Муттаҳида ва тамоми ҷаҳонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт. Ӯ таъкид кард, ки мусалмонони Амрико ҳамеша як бахши ин кишвар буданд ва дар рушди ИМА саҳми арзанда гузоштаанд.

Раисиҷумҳури ИМА дар паёми телевизионӣ гуфт: “Аз номи мардуми Амрико, аз ҷумла ҷамъиятҳои мусалмони тамоми 50 иёлати кишвар ман мехоҳам ба мусалмонони Амрико ва тамоми ҷаҳон орзуҳои беҳтаринро таманно кунам. Рамазон Карим”

Вай афзуд, “ҳамаи мо бояд дар ёд дошта бошем, он дунёе, ки мо мехоҳем бунёд кунем ва он тағйироте, ки мо мехоҳем, бояд дар дилҳои мо ва ҷомеаи мо оғоз шавад”.



Раҳбари ИМА бори дигар таъкид кард, ки мехоҳад робитаҳои Амрикоро бо дунёи Ислом дар асоси манфиатҳои муштарак ва ҳурмати якдигар аз сар бигирад. Обама гуфт, барои дарёфти назари мусалмонон дар бораи Амрико сафоратҳои ИМА дар кишварҳои мусалмон дар тӯли ду моҳи ахир бо мардуми оддӣ сӯҳбатҳо анҷом доданд ва роҳҳои ислоҳи робитаҳоро ҷустуҷӯ карданд.

Ӯ афзуд, ки Кохи сафед ба ҳамаи ин машваратҳо гуш додааст ва Амрико барои таҳкими равобит бо ҷаҳони Ислом талош хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки як шоми моҳи Рамазон дар Кохи сафед ифтор ташкил хоҳад дод. Ӯ ёдовар шуд, ки мусалмонони Амрико ҳамеша як бахши ин кишвар буданд ва дар рушди он саҳми арзанда гузоштаанд.

Рамазон дар Ню Йорк

Дирӯз дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон дар маҳаллаҳои мусалмоннишини Ню Йорк дигаргуниҳо мушоҳида мешуд. Дар тарабхонаҳову кафеҳо, ки маъмулан серодам буданд, мизоҷони зиёд ба чашм намехурд. Соҳибони ошхонаҳо мегӯянд, ки ҷадвали кории онҳо акнун тағйир хоҳад ёфт ва як моҳи пурра онҳо бештар бо ташкили ифторҳо машғул хоҳанд буд.

Тоҷикони муқими Амрико дар баробари дигар мусалмонони Амрико рӯза гирифтанд. Тоҷикон мисли ҳарсола дар манзилҳои зисташон таровеҳ мехонанд ва дар масҷидҳои гирду атроф намоз мегузоранд.
XS
SM
MD
LG