Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи як бактерияи сахтҷони муқовим ба доруҳо


Пажӯҳишгарон мегӯянд, як бактерияи сахтҷонеро кашф кардаанд, ки тақрибан ба тамоми антибиотикҳои қавӣ муқовим аст. Ҳомили ин бактерия афроде будаанд, ки ҷарроҳии пластикӣ анҷом додаанд ва аз Ҳинду Покистон ба Бритониё омадаанд. Ба гуфтаи донишмандони бритониёӣ, ин бактерия дар таркиби худ гени NDM-1, ро доштааст, ки ба бактерияҳои мухталиф мегузарад ва ба антибиотикҳои қавӣ тобовар аст. Гурӯҳи донишмандон аз Донишгоҳи Кардифи Бритониё ва Донишгоҳи Мадраси Ҳинд, вуҷуди ин бактерияро дар Ҳинду Бангладеш, Покистон ва Бритониё кашф кардаанд ва мегӯянд, зоҳиран ин бактерия дар саросари ҷаҳон паҳн хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG