Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МАГАТЭ: Эрон ғанисозии уранро густариш додаст


Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ хабар додааст, ки Эрон дуввумин обшори 164-тоӣ аз сентрефюгҳоро фаъол карда ва тавлиди ураниюми ғаниишудаи 20 % дар садро дар таъсисоти ҳастаии Натанз афзоиш додааст.

Ба гузориши хабаргузории Ассосшиатед Пресс, сухангӯи Ожонси Байналмилалии энержи атомӣ гуфтааст, ки дар ҷараёни дидори бозрасон дар ҳафтдаҳуми июл мушоҳида шуда, ки Эрон ба ду обшори 164-тои аз сентрефюгҳо маводи ҳастаӣ мегузаронад.

Ба гуфтаи мақомҳои ожонс, ин иқдоми Теҳрон нақзи ошкори қатъномаи Шӯрои амнияти СММ аст. Дар ҳама қатъномаҳои Шӯрои Амният аз Эрон хоста шуда аст, ки ғанисозиро мутаваққиф кунад.

Сухангӯи Ожонси ҳастӣ рӯзи душанбе дар мақари Ожонси Байналмилалии Энержи Атомӣ дар Вена гуфт, ки Эрон дар моҳи марти ҳамин сол ба ожонс гуфта буд, ки қасд дорад чунин обшореро фаъол кунад.

Уронюми бештар ғанишуда, замон ва кори камтаре барои таҳияти сохти бомбаи атомӣ нисбат ба уронюми камтар ғанишуда мебарад.

Теҳрон мегӯяд, ҳадаф аз фаъолиятҳои ғанисози уронюм, тавлиди энержӣ аст, дар ҳоле Ғарб ба фаъолиятҳои ҳастаии Эрон шубҳа дорад ва онро талоше барои сохти бомбаи атомӣ медонад.

Шӯрои Амнияти СММ дар чаҳор қатъномаи таҳрими аз Теҳрон хоста аст, фаъолиятҳои ғанисозии уронюмро ба ҳоли таълиқ дароварда ва сулҳомез будани фаъолиятҳои атомиро ба таъиди Ожонси Байналмилалии Энержи Атомӣ бирасонад.

Эрон қатъномаҳои Шӯрои Амниятро беасар хонд ва онҳоро рад кард.

Вилоятӣ: бо Амрико ҳам гуфтугӯ мекунем

Дар ҳамин ҳол, Али Акбар Вилоятӣ, вазири хориҷаи собиқи Эрон ва мушовири раҳбари ин кишвар рӯзи душанбе гуфтааст, ки Эрон ҳозир аст дар мавзуъи атомӣ бо Амрико гуфтугӯ кунад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, рӯзи душанбе оқои Вилоятӣ дар ҷараёни сафари худ ба Сурия гуфт:
«Мо бо ин ки ҳеҷ эътиқоде ба давлати Амрико надорем, аммо Эрон омода аст то дар мавзуъи атомӣ гуфтугӯ кунад»

Вай дар як конфронси хабарӣ гуфт: «Эрон шароите нисбат ба таркиби кишварҳои тарафи гуфтугӯ дорад аммо омода аст масъаларо аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунад».

Маҳмуд Аҳмадинажод пештар пешниҳод карда буд дар ҷараёни сафари худ ба Маҷмаъи Умумии СММ, гуфтугӯи мустақим бо Борок Обама дошта ва дар мавриди масоили ҷаҳон гуфтугӯ кунад. Ин пешниҳод аз сӯи Кохи Сафед рад шуд.

Аз сӯи дигар, Ҳелари Клинтон вазири умури хориҷаи Амрико, рӯзи якшанбе эълом кард, Вашингтон барои гуфтугӯ бо Эрон омодагӣ дорад ва хоҳони ин аст, ки ҳадафҳои барномаи атомии Эрон мушаххас шавад.
XS
SM
MD
LG