Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон зани ҳомиларо барои зино эъдом карданд


Пулиси вилояти Бодғиси Афғонистон мегӯяд, Толибон як зани ҳомиларо, ки ба зино муттаҳам медонистанд, дар ҳузури мардум ба қатл расонданд. Абдулҷаббор Солеҳ -корманди аршади пулиси ин вилоят гуфт, Толибон ин занро аввал 200 шаллоқ задаанд ва сипас дар вулусволии Қодис ба сари вай тир андохтаанд. Ин вулусволӣ зери контроли Толибон аст. Абдулҷаббор Солеҳ гуфт, ин зани 40 сола бо номи Санавбар 3 рӯз дар зиндон нигоҳ дошта шудааст. Сипас мулло Муҳаммад Юсуф-фармондеҳи Толибон Санавбарро ба қатл маҳкум кардааст ва худаш аз тапонча ба сари вай тир холӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG