Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон қуюди шабгардиро лағв мекунад


Ҳукумати Қирғизистон, қуюди шабгардӣ дар ҷануби ин кишварро, ки ду моҳ идома дошт, лағв хоҳад кард. Фарид Ниёзов, сухангӯи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон таъйид кард, ки ба қуюди шабгардӣ дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод ва ноҳияҳои атрофи ҳарду шаҳр аз фардо 10 август хотима дода мешавад. Қуюди шабгардӣ рӯзи 10 июн баъди бархостани низоъи хунин миёни қирғизу ӯзбакҳо эълом шуд, ки дар ин низоъҳои харобиовар тақрибан 365 нафар ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG