Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавез гуфт, сафири нави Амрикоро ба ҳузур намепазирад


Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури Венесуэло гуфт, вай намехоҳад мардеро, ки сафири нави Амрико дар Венесуэло таин шудааст, ба ҳузур пазирад. Сабаб ин будааст, ки сафири нав дар бораи иртиботи низомиёни Венесуэло бо шӯришёни Колумбия суханоне ба забон овардааст. Ҳуго Чавез зимни суханони худ дар як намоиши телевизионӣ аз президент Барак Обама дархост кард, ки номзадии Ларрӣ Палмерро фаро хонад, зеро Палмер аз чаҳорчӯбаи дипломатия берун рафтааст. Ҳангоми тасвиби номзадии Палмер дар Сенати Амрико вай гуфт, ки миёни шӯришиёни чапгарои Колумбия ва ҳукумати Венесуэло иртибот вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG