Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили мудофеи Оштиёнӣ аз Норвегия паноҳандагӣ мехоҳад


Муҳаммад Мусстафоӣ-ҳомии ҳуқуқи башари Эрон гуфтааст, вай ба Норвегия фирор кардааст, то дар он ҷо паноҳандагӣ бигирад. Вай дар Эрон аз Сакина Оштиёнӣ-зане дифоъ мекард, ки барои зино ё хиёнат ба шавҳараш муттаҳам ва ба муҷозоти сангсор маҳкум шудааст. Мустафоӣ ҳафтаи гузашта баъд аз бозпурсии мақомоти эронӣ ба Туркия ва сипас рӯзи якшанбе ба Норвегия фирор кард. Баъдтар дар Эрон зани вай ва бародари вайро боздошт карданд. Мустафоӣ рӯзи якшанбе баъд аз вурудаш ба Осло-пойтахти Норвегия дар як нишасти хабарӣ гуфт, мисли вай даҳҳо нафари дигар ба ин мушкил мувоҷеҳ ҳастанд. Мустафоӣ афзуд, ҳоло хонуми вай аз зиндон раҳо шудааст ва вай интизор аст, ки хонум ва духтари хурдиаш ба Норвегия оянд. Мустафоӣ дар Эрон вакили мудофеи Сакина Оштиёнӣ буд.
XS
SM
MD
LG