Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Гелонӣ аз манотиқи офатзадаи Синд


Боришоти шадид тавзеъи кӯмакҳо ва амалиёти наҷотдиҳӣ дар манотиқи селзадаи Покистонро боз ҳам мушкилтар кардааст.
Мақомот мегӯянд, обуҳавои бад теъдоде аз чархболҳои ҳомили кӯмакҳо ва машғули амалиёти наҷотро маҷбур ба қатъи парвоз карда, дар манотиқи ҳошияи рӯдхонаи Ҳинд дар вилояти Синд ба далели хатари обхезӣ бонги изтироб баланд кардаанд. Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ имрӯз зимни боздид аз минтақаҳои офатзадаи вилояти Синд гуфт: “Миллат бояд дар ин давраи сахт азми худро ба намоиш дарорад. Мо бояд дар ин даврони сахт ба бародарону хоҳарон ва кӯдакони худ дасти ёриро дареғ надорем.”
Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ, ки бо сафаре дар Бритониё ба сар мебарад, рӯзи шанбе дар шаҳри Бирмингем ба мавҷи интиқодҳо рӯбарӯ шуд. Эътирозгарон Зардориро айбдор мекарданд, ки бо вуҷуди ба бадтарин обхезӣ дар 80 соли охир дучор шудани мардуми оддии кишвараш барои як ҳафта ба сафари Аврупо рафтааст.
XS
SM
MD
LG