Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдорӣ дар пайи коҳиши нарху навои бозорҳост


Шаҳрдории Душанбе талош дорад, нарху наворо дар тӯли моҳи шарифи Рамазон пойин бубарад. Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар остонаи моҳи Рамазон, ки рӯзи 11 август шурӯъ хоҳад шуд, бо тоҷирони бозорҳои пойтахт мулоқоте анҷом дода, дар ивази имтиёзҳое, чун маоф кардани бозорнишинон аз пардохти чеки ҳаррӯзаи бозор ва манъи бозрасиҳои ниҳодҳои назоратӣ аз онҳо хостааст, то дар тӯли ин моҳи барои мусалмонон шариф қиматҳоро пойин баранд.
Оқои Убайдуллоев аз ҷумла хостори аз 21 то 18 сомонӣ коҳиш додани қимати ҳар килои гӯшт ва аз 120 то ба 90 сомонӣ фаровардани нархи ҳар халтаи орд шудааст.
Ин муомилаи байни шаҳрдорӣ ва бозорнишинон барои тамоми моҳи Рамазон, яъне то 10 сентябр будааст.
XS
SM
MD
LG