Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Осиёи Марказӣ ҷамъи Ҷопон дар Тошканд


Рӯзи шанбе дар Тошканд, пойтахти Узбакистон, ҷаласаи севвуми машваратии вузарои умури хориҷаи кишварҳои минтақа ва Ҷопон дар чаҳорчӯби “Гуфтугӯи Осиёи Марказӣ ҷамъи Ҷопон” доир мешавад. Ин ибтикор аз сӯи Ҷопон ва давлатҳои минтақа ҳанӯз дар соли 2004 ба миён омада буд ва ду нишасти аввали он соли 2004 дар Қазоқистон ва соли 2006 дар Ҷопон доир шуд.
Таъмини амнияти минтақа ва пешбурди барномаҳои иқтисодии ҷавобгӯи манофеъи миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аҳдофи умдаи ин гуфтугӯ арзёбӣ шуда, дар Тошканд низ ҳамин масоил баҳс хоҳад шуд.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ низ ба хотири ширкат дар ин ҷаласа ба Тошканд рафтааст ва эҳтимол меравад, дар гуфтугӯҳои ҳошияии ин нишаст бо ҳамтои узбакаш Владимир Норов масоили мавҷуд дар равобити Душанбеву Тошкандро низ баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG