Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди пешини ВКД Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуд


Хабаргузории "Азия-Плюс" иттилоъ додааст, ки бозрасони Маскав бар зидди Файзибой Абдуллоев-корманди пешини вазорати дохилаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Вай барои додани 50 ҳазор доллар ришва муттаҳам дониста мешавад. Вай дар чорроҳии кӯчаи Славянская дар майдони Лубянский талош кардааст, барои раҳоии як дӯсташ ва бастани парвандаи ҷиноии вай 50 ҳазор доллар ришва диҳад.
XS
SM
MD
LG