Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури нави Полша савганд ёд кард


Бронислав Коморовский-раиси ҷумҳури мунтахаби Лаҳистон ё Полша имрӯз ба таври расмӣ савганди вафодорӣ ёд кард. Чаҳор моҳи пеш Лех Качинский -раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар дар суқути ҳавопаймо кушта шуд. Коморовский, ки дар давраи раёсати ҷумҳурии Лех Качинский раиси порламон буд, дар интихоботи зудрас бародари Лех Качинский, яъне Ярослав Качинскийро шикаст дод. Раиси ҷумҳури собиқ 10-ӯми апрели соли ҷорӣ дар наздикии шаҳри Смоленски Русия дар суқути ҳавопаймо бо 95 нафари дигар аз шахсиятҳои баландпояи Лаҳистон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG