Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Покистону Бритониё мулоқот мекунанд


Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, ки аз Бритониё боздид мекунад, имрӯз бо Дейвид Кемерон, нахуствазири ин кишвар мулоқоти расмӣ хоҳад дошт. Қарор аст, мавзӯъи баҳс дар ин мулоқот рафъи баҳсу даъвои дипломатӣ байни ду кишвар бошад, ки ҳафтае пеш ба вуҷуд омад. Дейвид Кемерон дар он ҳафта зимни боздидаш аз Ҳинд гуфт, баъзе аз унсурҳои Покистон иҷоза медиҳанд, то “терроризми исломӣ” ба дигар кишварҳо содир шавад, ки онро ишорае ба он хондаанд, ки Покистон барои муқобила бо гурӯҳҳои тундрав дар қаламраваш талоши кофӣ бар харҷ намедиҳад.
XS
SM
MD
LG