Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия содироти гандумро мутаввақиф мекунад


Владимир Путин, нахуствазири Русия эълом кард, ки кишвараш содироти гандумро муваққан муттавақиф хоҳад кард, зеро зоҳиран ҳосили имсолаи ғалла дар кишвар камтар хоҳад буд: "Бинобар, ҳарорати баланди ғайримуқаррарӣ ва хушксолӣ, беҳтар аст, то содироти ғалладона ва дигар маҳсулоти гандумиро муттавақиф кунем." Хушксолии бесобиқа дар Русия ва ҷангалсӯзиҳо тақрибан ба 20 дар сади киштзорҳои гандум зиён расонидааст. Ба гуфтаи Владимир Путин, содироти ғалла аз 15 август то 31 декабр мутаввақиф карда хоҳад шуд, то аз болоравии қимати маводи ғизоӣ дар Русия ҷилавгирӣ ва ҳам захираҳои давлатӣ пур карда шавад. Русия аз бузургтарин гандумпарварони ҷаҳон аст ва тарс аз коҳиши содироти гандум, қимати онро аз аввали моҳи июн то кунун 70 дар сад боло бурдааст.
XS
SM
MD
LG