Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон хабари ҳамла ба Аҳмадинажодро радд кард


Матбуоти давлатии Эрон гузоришҳо дар бораи ҳамла ба раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажодро радд кард. “Khaberonline”, як сомонаи муҳофизакорони Эрон хабар дода буд, ки имрӯз дар шаҳри ғарбии Ҳамадон дар наздикии корвони мошинҳои ҳомили раисиҷумҳур як хумпораи худсохт таркидааст. Аммо Аҳмадинажод, ки ба хотири як суханронӣ ба Ҳамадон омада буд, бино ба ин гузориш, осеб надидааст. Вале телевизиони давлатии Press TV-и Эрон ба дунбол гуфт, ки дафтари раёсатҷумҳурии Эрон вуҷуди чунин ҳамларо бепоя хонда, радд мекунад.
Телевизиони арабизабони Ал-Алами Эрон гуфт, дар Ҳамадон як василаи оташбозӣ, ки ба шарафи омадани Аҳмадинажод дуруст карда буданд, таркидааст. Радиои Лубнон ва телевизионҳои арабӣ дар бораи захмӣ шудани чандин нафар бар асари ин таркиш хабар медиҳанд. Телевизиони Ал-Арабия дар бораи боздошти ҳамлагар низ гузориш дод.
XS
SM
MD
LG