Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳои зиддунақиз роҷеъ ба таркиши Ҳамадон


“Khaberonline”, як сомонаи муҳофизакорони Эрон навишт, ки имрӯз дар шаҳри ғарбии Ҳамадон дар наздикии корвони мошинҳои ҳомили раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод як хумпораи худсохт таркидааст. Аммо Аҳмадинажод, ки ба хотири як суханронӣ ба Ҳамадон омада буд, бино ба ин гузориш, осеб надидааст. Радиои Лубнон ва телевизионҳои арабӣ дар бораи захмӣ шудани чандин нафар бар асари ин таркиш хабар медиҳанд. Телевизиони Ал-Арабия дар бораи боздошти ҳамлагар низ гузориш дод. Бархе манобеъ дар дафтари Аҳмадинажод ба хабаргузории Ройтерс ва телевизионии лубнонии "Future" гуфтаанд, ки ин инфиҷор ҳамла буд. Вале бино ба гузориши телевизиони давлатии Press TV-и Эрон, дафтари раёсатҷумҳурӣ гузоришҳо дар мавриди ҳамла будани инфиҷори Ҳамадонро бепоя хонда, радд кардааст.
XS
SM
MD
LG