Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони Маҳмуди Аҳмадинажод


Маҳмуди Аҳмадинажод ҳини дидор аз шаҳри Ҳамадон

Хабаргузориҳои Эрон навиштаанд, ки имрӯз дар наздикии корвони мошинҳои ҳомили раисиҷумҳури ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод дар шаҳри Ҳамадон як норинҷак таркидааст.

Сомонаи “Khaberonline”, ки бовар меравад, ба раиси парлумони Эрон Алии Лориҷонӣ марбут бошад, иттилоъ медиҳад, ки инфиҷор дар шаҳри Ҳамадон рух дод, ки Аҳмадинажод ба хотири як суханронӣ ба ин шаҳр ворид шуда буд.

Бино ба ин гузориш, ӯ аз ин таркиш осебе надида ва суханрониашро дар вақти таъйиншуда анҷом додааст. Телевизиони Эрон ин суханрониро ба таври мустақим пахш кардааст.

Телевизиони “Ал-Арабия” мегӯяд, ҳамлагарон қабл аз боздошти худ алайҳи корвони мошинҳои Аҳмадинажод маводи мунфаҷираро партоб кардаанд.

Шабакаи телевизионии лубнонии "Future" аз қавли маъмурияти раёсатҷумҳурии Эрон хабар дод, ки бар асари инфиҷор чанд нафар захм бардоштаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG