Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯъиқасд ба Аҳмадинажод дар Ҳамадон


Як сомонаи муҳофизакорони Эрон навишт, ки имрӯз дар наздикии корвони мошинҳои ҳомили раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод як хумпора таркидааст. Сомонаи “Khaberonline”, ки бовар меравад, ба раиси парлумони Эрон Алии Лориҷонӣ марбут бошад, гуфт, инфиҷор дар шаҳри Ҳамадон рух дод. Аҳмадинажод ба хотири як суханронӣ ба Ҳамадон омада буд.
Бино ба ин гузориш, ӯ аз ин таркиш осебе надида ва суханрониашро дар вақти таъйиншуда анҷом додааст. Телевизиони Эрон ин суханрониро ба таври мустақим пахш кард.
Телевизиони Ал-Арабия мегӯяд, ҳамлагарон қабл аз боздошти худ алайҳи корвони мошинҳои Аҳмадинажод маводи мунфаҷираро партоб кардаанд. Шабакаи телевизионии лубнонии "Future" аз қавли маъмурияти раёсатҷумҳурии Эрон хабар дод, ки бар асари инфиҷор чанд нафар захм бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG