Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАЛКО мегӯяд, натоиҷи аудиташро дарёфт кардааст


ТАЛКО, ширкати алюминсозии Тоҷикистон мегӯяд, натоиҷи бозрасии фаъолиятҳояш дар солҳои 2006-2008-ро аз ширкати аудитории Moore Stephens дарёфт кардааст. Бино бар баёнияи ТАЛКО, натоиҷи аудит ҳокист, ки сохтори масрафоти ширкат ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ТАЛКО тайи 5 соли охир бодаромад будааст. Гуфта мешавад, ТАЛКО дар соли 2006 – 33, 4 миллион, соли 2007 – 34,5 миллион доллар, вале дар соли 2008 ба иллати бӯҳрони саросарии молӣ ҳамагӣ 3,5 миллион доллар фоида ба даст овардааст. Натоиҷи аудит ҳамчунин ҳокист, ки ТАЛКО аз соли 2005 то поёни 2008 ба манзури пешбурди даъвоҳои додгоҳиаш дар Лондон ба ширкати ҳуқуқии “Herbert Smith” 51 миллион доллар пардохт кардааст.
Нашри натоиҷи аудити фаъолиятҳои ТАЛКО аз талабҳои Сандуқи байналмилалии пул аст. Вале натоиҷи муфассали ин аудит то ҳол нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG