Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримоти тозаи Амрико алайҳи ширкатҳои эронӣ


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи чандин ширкати аврупоӣ ва эронӣ таҳрим эъмол кард, ки ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, барои гурез аз таҳримоти байналмилалӣ алайҳи барномаҳои атомии Эрон кӯмак мекардаанд. Вазорати дороии Амрико дар маҷмӯъ 21 ширкатро ном бурд, ки 13 тоашон дар Аврупо, аз ҷумла 9 ширкат дар Олмон, дуто дар Белорус ва яктоӣ дар Люксембург ва Итолиё ва яке дар Ҷопон будааст. Ширкатҳои боқимонда дар худи Эрон будаанд. Ин ширкатҳо машғули фаъолият дар арсаи бонкдорӣ, бима, сармоягузорӣ, истихроҷи маъдан ва муҳандисӣ будаанд. Аз ин пас амрикоиҳо ҳақ надоранд бо ин ширкатҳо ҳамкорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG