Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ҳамчунон дар панҷаи фалокати табиӣ


Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, бар асари боришоти шадиду обхезиҳо дар Покистон, дасти кам 1100 нафар кушта шуда ва бештар аз дуввуним миллион нафари дигар осеб дидаанд. Миён Ифтихор Ҳусейн, вазири иттилоъоти вилояти ҷанубуғарбии Хайбар Пахтунхва, ки обхезиҳо дар он бедодгарӣ кардаанд, гуфт, шояд бештар аз якуним ҳазор нафар дар фалокатҳои табиӣ қурбон шудаанд. Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал гуфт, аз ин фоҷиа дар Покистон бисёр маъюс шудааст. Созмони Милал, муаасисаҳои имдодӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои рафъи паёмадҳои фалокатҳои табиӣ ба Покистон кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG