Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ Толибро аз феҳрасти сиёҳи СММ хориҷ карданд


Созмони Милал эълом кард, ки баъди арзёбии хастакунандае, номи 10 узви Толибон, 35 аъзои Ал-Қоида ва шарикони онро аз феҳрасти сиёҳи Созмони Милал хориҷ кардааст. Томас Мейр Ҳартинг, раҳбари гурӯҳи Шӯрои Амният ва масъули таҳияи феҳраст, гуфт, исми 488 нафар дар феҳрасти сиёҳ арзёбӣ шуда ва аз ин миён, 132 аъзои Толибон ва 311 аъзои Ал-Қоида ҳамчунон дар феҳраст боқӣ мондаанд. Афроди шомили ин феҳраст мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, аз Созмони Милал хоста буд, ба хотири мусолиҳа дар кишвараш, исми баъзе аз аъзои Толибонро, ки бо Ал-қоида иртибот надоранд, аз феҳрасти сиёҳаш хориҷ кунад.
XS
SM
MD
LG