Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори мухталиф дар бораи шумори қурбониён дар Покистон


Кумитаи Салиби Сурхи Байналмилалӣ имрӯз гуфт, бар асари селу боришоти шадиди ахир дар Покистон ҳудуди 1100 нафар кушта шуда ва ин офоти табиӣ ба тақрибан 2,5 миллион нафар асобат кардааст. Салиби Сурх мегӯяд, ҳамроҳ бо Ҳилоли Аҳмар то кунун ба ҳудуди 20 000 нафар кӯмаки ғизоӣ расондааст.
Ба ироаи кӯмакҳояш иқдом кардани Салиби Сурхи Байналмилалӣ дар ҳолест, ки мардуми аз селхезиҳои ахир ҷонбасаломатбурда дар устони шимолуғарбии Хайбар-Пахтунхва аз беамалии давлати Покистон шикоят мекунанд.
Вазири иттилооти ин вилоят Миён Ифтихор Ҳусайн гуфтааст, шумори афроди кушташуда дар ин минтақа метавонад то ба 1500 нафар бирасад. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун бо изҳори “андӯҳи амиқ” роҷеъ ба фоҷиаи Покистон ба мардуми осебдида ба маблағи то 10 миллион доллар ваъдаи кӯмак кард.
XS
SM
MD
LG