Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати сенатори амрикоӣ ба гуфтугӯ бо Толибон


Ceнатор Ҷонн Керри, роҳбари кумитаи равобити хориҷӣ дар Сенати Амрико таъкид кардааст, Амрико бояд, ки шомили ҳар гуна гуфтугӯҳо бо Толибон дар Афғонистон бошад. .

Вай рӯзи якшанбе зимни мусоҳибае бо шабакаи ахбории CNN аз стратегияи президент Обама дар амри поёни бӯҳрон дар Афғонистони ҷангзада таъриф намуд. Вай илова намудаст, ки бо фиристодани неруҳои иловагӣ ба Афғонистон мухолифат хоҳад кард ҳатто агар фармондеҳони низомӣ ҳам талаби фиристодани нерӯи бештаре дошта бошанд

Ҷанг роҳи ҳал нест

Вай назари худро бар бораи чигунагии хуруҷ аз ин кишвар баён надошт вале фиристодани нерӯҳои бештарро аз эҳтимол дур донист.

Вай гуфт «Шахсан ман ба ин розӣ нестам, фикр намекунам фиристодани нерӯ роҳи ҳал бошад. Роҳи ҳалли ин бӯҳрон тавофуқи сиёсист. Дар ин тавофуқи сиёсӣ бояд Ҳинд ва Покистон низ шарик бошанд»

Вай афзуд: «Ба назари ман бояд Руссия ва Чин ҳам дар ҷараён гузошта шаванд»

Ceнатор Ҷонн Керри ҳатто ҳузури Эронро дар гуфтугуҳо баид надонист ва ишора кард ҳузури ин кишвар дар барқарории оромиш дар ин кишвари ҷангзада кумак хоҳад кард.

Роберт Гейтс: аз Афғонистон ба зудӣ берун нахоҳем рафт

Дар ҳамин ҳол , Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико зимни мусоҳиба бо телевизиони “АВС”-и Амрико гуфт, нерӯҳои кишвараш “моҳи июли соли оянда Афғонистонро тарк нахоҳанд кард.”

Ӯ доир ба берун кардани шумори “маҳдуди” сарбозони Амрико аз Афғонистон сухан гуфт ва афзуд, нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида пеш аз шикасти ҷангҷӯёни Толиб аз Афғонистон хориҷ нахоҳанд шуд.

Ба гуфтаи вазири дифоъи Амрико, коҳиши теъдоди сарбозони кишвараш ба пешрафтҳо дар Афғонистон вобаста хоҳад буд. Роберт Гейтс афзуд, мо ҳар қадар пешрафт кунем, ихроҷи нерӯҳо ҳам ғолибан суръат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG