Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс: Ифшои иттилоот барои нерӯҳои Амрико хатар дорад


Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико гуфт, нашри иттилоот дар бораи ҳазорон санади марбут ба ҷанги Афғонистон метавонад барои нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш дар ин ҷанг пайомадҳои хатарнок дошта бошад.


Рроберт Гейтс мегӯяд: "Ифшои ин аснод ба эҳимоли зиёд барои нируҳои мо, нируҳои эътлоф ва ҷонибҳои ҳамкори мо пайомадҳои сахту хатарнок доранд ва мумкин аст ба муносиботи мо ва эътибори мо дар он қисмати калидии сайора зарар расонад".

Роберт Гейтс дар як нишасти хабарӣ дар Пентагон гуфт, сомонаи WikiLeaks, ки гузоришҳоро ба чоп расондааст, ба таври хеле муассир иттилоотро дар бораи шеваҳову тактикаҳои низомии Амрико ба душманони Амрико пешкаш кардааст. Оқои Гейтс ҳамчунин гуфт, Амрико ҳоло мехоҳад аз ифшои иттилооти дигар роҷеъ ба майдонҳои муҳориба пешгирӣ кунад.

Ин дарзи иттилоотӣ гузоштани маълумоти муҳиму зарурӣ дар ихтиёри нируҳоро дар хати пеши ҷабҳа душвортар мекунад ва ҳамчунин шумораи афродеро низ маҳдуд мекунад, ки ба чунин маълумоти маҳрам дастрасӣ доштанд. Вазири дифои Амрико ҳамчунин гуфт, Амрико масъулияти маънавӣ дорад, то аз афроде ҳимоят кунад, ки баъд аз ифшои чунин маълумоти маҳрам ҷонашон дар хатар қарор хоҳад гирифт.

Нашрияҳои "Гардиан"-и Британия ва "Дер Шпигел"-и Олмон иттилоотеро, ки аз сомонаи WikiLeaks гирифта буданд, ба нашр расонданд, вале рӯзномаи "Нию Йорк Таймс" мисли онҳо номҳоеро, ки шахсияти афродро ифшо месозад, чоп накардааст.

"Ифшогарии такондиҳанда"

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ифшои номи афғонҳоеро, ки ба нируҳои НАТО ва Амрико кӯмак мекарданд, "кори ба таври ҷиддӣ ғайримасъулона ва таккондиҳанда" арзёбӣ кард.


Рӯзи чаҳоршанбе вазорати дифои Амрико ба ҷустуҷӯи нафар ва ё афроде шурӯъ кард, ки маълумоти маҳрамро дар ихтиёри сомонаи WikiLeaks гузоштааст. Аз Эф Би Ай ё Дафтари федеролии бозрасии Амрико дархост шудаст, ки дар расидагӣ ба ин ҷиноят кӯмак кунад.

Ҷулиан Ассенҷ касест, ки дар паси сомонаи WikiLeaks қарор дорад. Вай мегӯяд, сомонаи онҳо ҳазорон аснодро чоп накардааст ва маълумот дар бораи афроди иттилорасон метавонист пештар аз чопи ин маълумот ифшо шавад.

Аммо дарёсолор Майк Муллен, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, ки дар ин нишасти хабарӣ Пентагон ҳамроҳ бо Роберт Гейтс сӯҳбат мекард, чунин мегӯяд:

"Ҷаноби Ассенҷ метавонад дар бораи ҳар чӣ ки дӯст дорад ва ҳар чӣ ки фикр мекунад ва дар бораи кори сарчашмаҳояш сӯҳбат кунад, вале воқеият ин аст, ки аз ҳоло мумкин аст, дасти онҳо бо хуни баъзе аз сарбозони ҷавон ва хонаводаҳои афғон олуда бошад".

Майк Муллен дар идомаи суханонаш гуфт, вай аз нашри чунин иттилоот ваҳшатзада шудааст ва онро бемасъулиятӣ хондааст.

XS
SM
MD
LG