Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асароти гармо ба рӯзгори мардум ва иқтисоди Русия


Аҳли Маскав ва боқӣ манотиқи Русия мунтазири анҷоми мавҷи дамое ҳастанд, ки мунҷар ба силсилаи сӯхторҳо дар ҷангалистонҳо ва ҳатто кӯчонидани мардум шудааст. Ҳарорати ҳаво дар пойтахти Русия дирӯз ба 38 дараҷа расид, ки ба сари худ собиқа надоштааст. Офати дигар дуди ғализест, ки фазои Маскавро печонидааст. Мақомот ба ин далел ба аҳолӣ машварат медиҳанд, ки аз манозили худ берун нараванд.
Аз сӯи дигар, бадтарин хушксолӣ дар даҳсолаҳои охир, ки ба Русия таҳдид мекунад, метавонад боиси башиддат коҳиш ёфтани ҳосили гандуми имсола дар ин кишвар шуда, ҳаҷми содироти гандуми Русияро низ имсол ба поён бубарад.
XS
SM
MD
LG